Мулоқоти Э. Раҳмон бо губернатори шаҳри Санкт-Петербург
Душанбе, 09.11.2014 (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон губернатори шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия Георгий Полтавченкоро ба ҳузур пазируфт.Дар мулоқот масоили вобаста ба муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Русия ва беш аз ҳама бо шаҳри Санкт-Петербурги ин кишвар баррасӣ шуд.Аз ҷараён ва натиҷаҳои “Рӯзҳои Санкт-Петербург дар Душанбе” изҳори қаноат карда шуд.Тавре зикр гардид, минбаъд миёни сохторҳои гуногуни ин шаҳрҳои ду кишвари дӯст ҳамкории пурсамари бевосита, аз ҷумла дар самти омӯзиши забони русӣ ва ихтисосҳои коргарӣ дар шаҳри Душанбе ба муҳоҷирони кории эҳтимолӣ ва ба корхонаҳои мушаххас ба кор бурдану бо шароити зарурӣ таъмин намудани онҳо дар шаҳри Санкт-Петербург, ба роҳ монда мешавад. Омӯзишгоҳҳои касбӣ-технкиии шаҳри Душанбе ва дигар муассисаҳои таълимию истеҳсолӣ ҳам кори худро дар ин самт тақвият хоҳанд бахшид.Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин доир ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, саноат, кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ ва илму техника сурат гирифт.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






