Мулоқоти Э. Раҳмон бо муовини вазири корҳои хориҷии Япония
Душанбе, 12.11.2014. (АМИТ «Ховар»).-Бегоҳии рӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе муовини вазири корҳои хориҷии Япония Кентаро Соноураро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили вобаста ба таҳкими дӯстӣ ва ҳамкории судбахши ду кишвар баррасӣ шуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба сатҳ ва мазмуни муносиботи ду кишвар баҳои баланд дода, аз ҷумла изҳор дошт, ки “Тоҷикистон ҷонибдори тавсиаи робитаҳои гуногуни ҳамкорӣ бо Япония мебошад”.
Бо изҳори қадрдонӣ аз дастгириҳои Япония аз рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон, аз ҷумла зикр гардид, ки тайи зиёда аз 20 сол бо кумаки ин давлати дӯст дар кишвари мо беш аз 300 лоиҳаи иҷтимоӣ амалӣ карда шудааст. Як зумра лоиҳаҳои дигар дар ҳоли амалишавӣ қарор доранд ва соли равон боз ду созишномаи грантии дигар барои таъмини ноҳияи Панҷ бо оби нӯшокӣ ва беҳсозии фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе ба имзо расидаанд.
Изҳори бовар карда шуд, ки оянда дар баробари кумакрасонӣ ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузории ба ҳарду ҷониб судманд ҳам тавсиа меёбад.
Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин доир ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва илму техника низ сурат гирифт.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






