Мулоқоти Э. Раҳмон бо Президенти Эксимбонк
Душанбе, 6.11.2014. (АМИТ «Ховар»). -Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Муколамаи шарикони Форуми ҳамкории иқтисодии кишварҳои Осиё ва уқёнуси Ором ва анҷом додани мулоқотҳои зиёди дуҷониба дар шаҳри Пекин, пойтахти Ҷумҳурии Мардумии Чин қарор дорад.Субҳи имрӯз Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Бонки содироту воридоти (Эксимбонки) Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Жуогу мулоқоти судбахш анҷом дод.Тавре зикр гардид, бо қарзҳои имтиёзноки ин бонки бонуфузи Чин дар Тоҷикистон лоиҳаҳои зиёди зербиноӣ дар соҳаҳои нақлиёту энергетика ва дигар бахшҳои иқтисоди кишвар амалӣ шудаанд ё дар ҳоли татбиқ қарор доранд.Имрӯз ба имзо расидани як зумра созишномаҳои нави қарзӣ миёни сохторҳои гуногуни Тоҷикистон ва Эксимбонки Чин дар назар аст.Худи ҳамин рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ва роҳбарони як қатор сохторҳои дигари ин кишвар мулоқотҳои дуҷониба анҷом медиҳад.Муколамаи шарикони Форуми ҳамкории иқтисодии кишварҳои Осиё ва уқёнуси Ором дар шаҳри Пекин рӯзи 8-уми ноябр баргузор мегардад.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






