Мулоқоти Э. Раҳмон бо Раиси Ширкати миллии металлургию кӯҳкории Чин
Душанбе, 07.11.2014. (АМИТ «Ховар»).-Дар вохӯрӣ бо Раиси Ширкати миллии металлургию кӯҳкории Чин (CNMM) Луо Тао масоили вобаста ба корҳои геологӣ-ҷустуҷӯӣ ва истихроҷи тилло дар кони Покрӯди Тоҷикистон баррасӣ шуд.
Тавре зикр гардид, ин ширкат яке аз бузургтарин ширкатҳои ҷаҳон дар ин соҳа буда, дар зиёда аз 30 минтақаи Чин ва беш аз 10 кишвари ҷаҳон фаъолият мекунад ва ба истихроҷи 40 намуди металҳои гаронарзиш ва нодир машғул аст.
Барои корҳои геологӣ-ҷустуҷӯӣ ва истихроҷи тиллои кони Покрӯди Тоҷикистон ин ширкат тасмим дорад, ки беш аз 250 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ карда, зиёда аз 1000 ҷойи корӣ муҳайё созад. Тибқи нақшаи пешакӣ истихроҷи тилло аз ин кон бояд соли 2015 оғоз ёбад ва дар давраи аввал ин ширкат ҳар сол ба буҷети Тоҷикистон беш аз 6 миллион доллари амрикоӣ андоз хоҳад супорид.
Роҳбарияти ширкат тасмим дорад, ки ҳамчунин дар татбиқи лоиҳаҳои иҷтимоии Тоҷикистон, аз ҷумла сохтмони мактабу бемористонҳо иштирок намояд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






