Мулоқоти Э. Раҳмон бо Сарвазири Шӯрои давлатии Чин
Душанбе, 08.11.2014 (АМИТ «Ховар»).- Субҳи имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пекин бо Сарвазири Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Кэтсян мулоқот намуд.Дар вохӯрӣ масоили вобаста ба таҳким ва густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ, аз ҷумла дар доираи татбиқи санадҳои нави имзошуда баррасӣ шуд.Изҳор гардид, ки Тоҷикистон аз ташаббуси Чин доир ба ташкили камарбанди иқтисодии Шоҳроҳи Абрешим дастгирӣ менамояд.Изҳори бовар карда шуд, ки тавассути ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва татбиқи лоиҳаҳои бузурги зербиноии аз ҷониби Чин дастгиришаванда имконоти транзитии Тоҷикистон дар масири Шоҳроҳи Абрешим ба маротиб афзун мегардад.Ҳамчунин доир ба дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






