Мулоқоти Фарҳод Салим бо Стив Чебот
Душанбе, 14.11.2014 (АМИТ «Ховар»).- 12 ноябри соли 2014 дар Конгресси ИМА мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Салим бо вакили Палатаи намояндагони Конгресс Стив Чебот баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба ҳамкориҳои дуҷониба миёни Тоҷикистон ва ИМА мубодилаи афкор намуда, масъалаҳои амнияти минтақавӣ, лоиҳаҳои энергетикӣ ва коммуникатсионӣ, мубориза бар зидди гардиши маводи мухаддир ва терроризмро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ф.Салим зарурати лағви иловаи Ҷексон Венникро нисбат ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вакили Палатаи намояндагони конгресс С.Чебот таъкид карда, густариши муносибатҳои тиҷоратӣ-иқтисодиро муҳим арзёбӣ намуд.
Стив Чебот изҳори умедворӣ намуд, ки дар доираи Кумитаи байналмилалии Палатаи намояндагони конгресс масъалаҳои мазкур пайгирӣ хоҳанд шуд.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






