Мулоқоти Н.Бӯриев бо коршиносони БРАО
Душанбе, 21.11.2014. (АМИТ «Ховар», Покизаи Шодмон).- Чанде пеш муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматҷон Бӯриев бо коршиносони Бонки рушди Авруосиё — истифодабарандагони маблағҳои Бунёди зиддибӯҳронӣ бо роҳбарии Алишер Мирзоев мулоқот анҷом дод.
Тавре ки аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҷонибҳо масоили рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат, омилҳои асосии рушди иқтисодиёт, дурна-мои рушди иқтисодиёт дар ояндаи наздик, феҳрасти ислоҳот ва дигаргунсозиҳо, ҷалби сармояҳои хориҷӣ ба рушди бахши инфиродӣ, ҳамчунин фаъолияти бонкҳо ва низоми қарздиҳиро муҳокима намуданд.
Мусоҳибон ҳамчунин перомуни таҳияи барномаи миёнамӯҳлати ислоҳот табодули афкор намуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






