Мулоқоти Р.Шодиков бо донишҷўёни тоҷик дар Малайзия
Душанбе, 13.11.2014. (АМИТ “Ховар”, Зарангези Латиф).- Имрўз дар доираи сафари кории муҳассилини соҳаи сайёҳии Тоҷикистон дар Малайзия мулоқоти Руслан Шодиков, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сафири Тоҷикистон дар ин кишвар Музаффар Ҳусейнов бо роҳбарият ва донишҷўёни тоҷик дар донишгоҳи Лимкоквинги Малайзия баргузор гардид. Зимни мулоқот ҷавонони тоҷик ба Сарвари Давлат барои дастгирӣ ва кушодани гўшаи консулгарии фахрии Тоҷикистон дар ин донишгоҳи бошукўҳи ҷаҳонӣ, ки ҳамарўза худро дар оғӯши гўшае аз ватани маҳбубамон- Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳис мекунанд, изҳори сипос карданд.
Ҳадаф аз мулоқот- ин пайдо намудани тамоси доимӣ бо донишҷўёни тоҷик дар Малайзия ва тавассути онҳо муаррифӣ намудани имкониятҳои туристии Тоҷикистон на фақат барои сокинони Малайзия, балки донишҷўёне, ки аз дигар давлатҳои дунё низ ҳамроҳи онҳо таҳсил доранд. Ҳамчунин ширкатҳои туристии Тоҷикистон низ ҳавасманданд, ки бо чунин сатҳи дониши байналмилалӣ ва донистани забонҳои хориҷӣ баъд аз анҷоми таҳсил онҳоро дар ватани худашон бо ҷойи кор таъмин намоянд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






