Мулоқоти Раҳимзода Рамазон бо Кевин Аллен
Душанбе, 17.11.2014 (АМИТ “Ховар”, Лайло Тоирӣ).- Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро 15 ноябри соли равон бо роҳбари намояндагии Раёсати Олии Комиссариати СММ оид ба гурезаҳо дар Тоҷикистон Кевин Аллен вохӯрӣ анҷом дод. Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориҳоро дар самти кор бо гурезаҳо, ашхоси бетабаа ва ба паноҳгоҳ эҳтиёҷдошта мавриди баррасӣ қарор доданд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти вазорат вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода зикр намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша ба гурезаҳо ва шахсони паноҳҷӯянда таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, баҳри ҳимояи ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Дар ин радиф мақомоти корҳои дохилӣ омода аст дар самтҳои мазкур бо намояндагии Раёсати Олии Комиссариати СММ оид ба гурезаҳо дар Тоҷикистон дар чаҳорчӯби қонунгузорӣ ҳамкорӣ намояд.
Дар навбати худ роҳбари намояндагии раёсати мазкур Кевин Аллен ба вазири корҳои дохилӣ барои пазироии самимӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳори миннатдорӣ намуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






