Мулоқоти С. Ғаниева бо ҳамватанон дар Русия

Ноябрь 21, 2014 16:20

             Душанбе, 21.11.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Дар шаҳри Уфа  бо мақсади пурзӯр намудани фаъолияти консулгарии генералии Тоҷикистон дар ин минтақа ҷиҳати  бо шиносномаҳои биометрӣ таъмин намудани шаҳрвандони Тоҷикистон мулоқоти Сардори раёсати хизматрасониҳои консулии Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон Садбарг Ғаниева  бо ҳамватанон баргузор гардид.
           Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» Муҳаммад Эгамзод намояндаи расмии Сафорати Тоҷикистон дар Русия иттилоъ дод. Мавсуф гуфт, ки дар ин мулоқот ҳамчунин консули генералии Тоҷикистон дар Уфа О. Шамсов ва намояндаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон оид ба муҳоҷират дар вилояти Самара Ш. Табаров ба роҳбарон ва фаъолони ҷамъиятҳои тоҷикистониёни ин хавзаи консулӣ, аз ҷумла Ҷумҳуриҳои Бошқирдистон, Тотористон, Удмуртия, Чувашия, вилоятҳои Перм ва Уляновск дар робита ба таъмини раванди додани шиносномаҳои биометрӣ ба шаҳрвандони кишварамон маълумот дода, ба саволхои онҳо посух гуфтанд. 
Хамчунин, С.Ғаниева дар бораи  дигаргуниҳо дар самти муҳоҷирати меҳантӣ ба Русия, ки шуруъ аз 1 уми январи соли 2015 мавриди татбиқ қарор мегиранд, маълумот дод.
              Интизор меравад, ки Сардори раёсати хизматрасониҳои консулии Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз дигар шаҳру вилоятҳои Россия, назири Санкт-Петербург, Новосибирск ва Краснодар дидан намуда, бо шаҳрвандони кишвар доир ба раванди таъмини онҳо бо шиносномаҳои хориҷии биометрӣ сӯҳбат намояд. 
 
 
 

Ноябрь 21, 2014 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад