Мулоқоти С. Ғаниева бо ҳамватанон дар Русия
Душанбе, 21.11.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Дар шаҳри Уфа бо мақсади пурзӯр намудани фаъолияти консулгарии генералии Тоҷикистон дар ин минтақа ҷиҳати бо шиносномаҳои биометрӣ таъмин намудани шаҳрвандони Тоҷикистон мулоқоти Сардори раёсати хизматрасониҳои консулии Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон Садбарг Ғаниева бо ҳамватанон баргузор гардид.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» Муҳаммад Эгамзод намояндаи расмии Сафорати Тоҷикистон дар Русия иттилоъ дод. Мавсуф гуфт, ки дар ин мулоқот ҳамчунин консули генералии Тоҷикистон дар Уфа О. Шамсов ва намояндаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон оид ба муҳоҷират дар вилояти Самара Ш. Табаров ба роҳбарон ва фаъолони ҷамъиятҳои тоҷикистониёни ин хавзаи консулӣ, аз ҷумла Ҷумҳуриҳои Бошқирдистон, Тотористон, Удмуртия, Чувашия, вилоятҳои Перм ва Уляновск дар робита ба таъмини раванди додани шиносномаҳои биометрӣ ба шаҳрвандони кишварамон маълумот дода, ба саволхои онҳо посух гуфтанд.
Хамчунин, С.Ғаниева дар бораи дигаргуниҳо дар самти муҳоҷирати меҳантӣ ба Русия, ки шуруъ аз 1 уми январи соли 2015 мавриди татбиқ қарор мегиранд, маълумот дод.
Интизор меравад, ки Сардори раёсати хизматрасониҳои консулии Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз дигар шаҳру вилоятҳои Россия, назири Санкт-Петербург, Новосибирск ва Краснодар дидан намуда, бо шаҳрвандони кишвар доир ба раванди таъмини онҳо бо шиносномаҳои хориҷии биометрӣ сӯҳбат намояд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






