Мулоқоти сафири ҶТ бо шунавандагони академияҳои ҳарбии ФР

Ноябрь 11, 2014 14:47

Душанбе, 11.11.2014. (АМИТ «Ховар», Марҳабои Азамат).- 10 ноябр дар Сафорати Тоҷикистон дар Русия мулоқоти роҳбарияти намояндагии дипломатӣ бо афсарони Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, ВКД ҶТ, Кумитаи умури мудофиаи шаҳрвандӣ ва ҳолатҳои фавқулодаи ҶТ, Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии назди Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон — шунавандагони академияҳои олии ҳарбӣ ва милисаи Русия баргузор гардид.Дар ин бора намояндаи расмии Сафорати ҶТ дар ФР Муҳаммад Эгамзод ба АМИТ «Ховар» хабар дод.Мувофиқи суханони манбаъ, сафири Тоҷикистон дар ФР Имомуддин Сатторов дар ҷараёни суҳбат ба шароити таҳсил, будубош ва ҷиҳатҳои дигари иҷтимоии шунавандагони академияҳо мароқ зоҳир намуд. Сафир ҳамчунин ба ҳозирон аз рушди Тоҷикистон, сиёсати дохилию хориҷии он ба муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон бо Русия муфассал нақл кард. Имомуддин Сатторов суханони Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмонро иқтибос оварда, зикр намуд, ки хидматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд ҳамеша ба қасами худ, истиқлолияти давлатӣ ва халқу Ватан содиқ буда, барои зарба задан ба ҳар гуна таҳдиду ситезаҷӯиҳо омода бошанд.Дар мулоқот намояндаи Қувваҳои мусаллаҳи ҶТ дар Ситоди муттаҳидаи СААД генерал — майор Рашид Воҳидов, атташеи ҳарбии Сафорати ҶТ дар ФР Фаридун Раҷабов ва намояндаи ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СААД Бадриддин Мирзоев ширкат доштанд.

Ноябрь 11, 2014 14:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад