Мулоқоти сафири Тоҷикистон бо губернатори вилояти Свердловск
Душанбе, 28.11.2014. (АМИТ «Ховар», Марҳабои Азамат ).- Чанде пеш сафири Тоҷикистон дар ФР Имомуддин Сатторов бо губернатори вилояти Свердловски Федератсияи Русия Евгений Куйвашев мулоқот анҷом дод.
Зимни мулоқот масоили рушду таҳкими ҳамкории минтақавии Тоҷикистон ва вилояти Свердловск дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла дар соҳаи муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва танзими равандҳои муҳоҷирати меҳнатӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Дар ин бора намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Муҳаммад Эгамзод ба АМИТ «Ховар» хабар дод.
Назар ба иттилои манбаъ, губернатори вилояти Свердловск сафири Тоҷикистонро хайрамақдам гуфта, фаъолияти судманди намояндагии дипломатӣ, аз ҷумла фаъолияти Консулгарии генералӣ дар бахши кор бо муҳоҷирони меҳнатиро ба таври махсус қайд намуд.
Сафири Тоҷикистон дар навбати худ аз рушди имрӯзаи Тоҷикистон ва сиёсати дохилию хориҷии он нақл карда, гуфт, ки дастовардҳои сатҳи имрӯзаи ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Русия самараи ҳамкории стратегӣ ва муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳоямон мебошанд, ки он боиси натиҷаҳои судманд дар бахши ҳамкории сиёсию иқтисодӣ мегардад.
Дар анҷоми мулоқот Евгений Куйвашев коршиносони Тоҷикистонро даъват намуд, ки дар ҳамоиши байналмилалии «Оби соф — 2015» иштирок намоянд. Ин чорабинӣ моҳи март дар шаҳри Екатеринбург роҳандозӣ шуда, дар он намояндагони Русия, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Арманистон иштирок мекунанд.
Сафири ҶТ дар ФР Имомуддин Сатторов дар ҷараёни сафараш ҳамчунин бо роҳбари маъмурияти шаҳри Екатеринбург Александр Якоб ва раиси шаҳр Евгений Ройзман мулоқот анҷом дод.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






