Мулоқоти судманди ректор бо сафири Украина

Ноябрь 20, 2014 12:13

Душанбе, 20.11.2014.(АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Бо даъвати раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ сафири Ҷумҳурии Украина дар Тоҷикистон Виктор Никитюк ба донишгоҳ ташриф овард ва бо ректор Абдуҷаббор Раҳмонов мулоқот намуд.
Тавре ки аз донишгоҳи мазкур  Бахтиёри Абдураҳим иттилоъ дод, сарвари таълимгоҳ  ҳадафи мулоқотро машварат барои баргузории конфронси ҷумҳуриявӣ бахшида ба 200-солагии олими барҷастаи украин Т.Шевченко арзёбӣ кард. Тавре ки А.Раҳмонов зикр намуд, донишгоҳ солиёни зиёд номи ин шахсияти маъруфро доро буд ва месазад, ки солгарди ӯ ба таври шоиста таҷлил гардад. 
А.Раҳмонов аз сафир дархост намуд, ки ҳар маълумоти вобаста ба Т.Шевченко, аз қабили наворҳо, китобҳо ва аксҳо, ки дар даст дорад, ба онҳо ирсол намояд, то ҳамоиш боз ҳам бошукӯҳтару хотирмонтар гардад.
О.Никитюк, сафири Ҷумҳурии Украина барои даъват ва пазироии самимӣ ба роҳбарияти донишгоҳ  изҳори сипос кард ва таҷлили арзишманди солгарди олими барҷаста Т.Шевченкоро иқдоми наҷиб ва тақвиятбахшандаи равобити дӯстии ду мамлакат унвон намуд. 
Пас аз мулоқот сафир аз толорҳои баргузории конфронс дидан кард ва аз сатҳи омодагии онҳо қаноатманд гардид.
Лозим ба тазаккур аст, ки 200-солагии донишманди намоёни украин Т.Шевченко 28-уми ноябри соли ҷорӣ дар толори фарҳангии донишгоҳ  баргузор хоҳад шуд.

Ноябрь 20, 2014 12:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик