Мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои IV соҳилии Осиё

Ноябрь 21, 2014 12:04

Душанбе, 21.11.2014. (АМИТ “Ховар”, Зарангези Латиф).- Мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои IV соҳилии Осиё дар ҷазираи Пҳукети Тайланд бо ду медал дар байни 43 даста дар мақоми 24-ум қарор дорад.  
Мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои IV соҳилии Осиё, ки дар ҷазираи Пҳукети Тайланд бо ширкати варзишгарони 43 кишвар то рӯзи 23-юми ноябр идома меёбанд, бо касби ду медал (як тилло ва як биринҷӣ) дар мақоми 24-ум қарор дорад.  
Тоҷикистонро дар ин бозиҳо 19 варзишгар (14 мард ва 4 зан) дар 6 намуд — самбо (2 мард), ҷиу-ҷитсу (3 мард ва 1 зан), гуштии кураш (4 мард), волейболи соҳилӣ (2 мард ва 2 зан), варзиши сабук (ҷаҳидан ба дарозӣ, 1 мард) ва муайтай (3 мард ва 1 зан) намояндагӣ мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки паҳлавони маъруфи тоҷик Муҳаммадмурод Абдураҳмонов дар сабқати гуштии кураш дар вазни беш аз 90 кг дар қувваозмоии ниҳоӣ бар Икромиддин Аҳмадӣ аз Афғонистон ғолиб омад ва бо медали тилло мукофотонида шуд. Паҳлавони дигари тоҷик Саидҷалол Саидов дар ин намуд дар вазни то 90 кг бо медали биринҷӣ сарфароз гашт. 
Дар риштаи муайтай бошад, варзишгари тоҷик Ҷомӣ Латифов дар вазни 71 кг дар даври чорякниҳоӣ бар Муҳаммадбердӣ Равшанов аз Туркманистон бо ҳисоби 5-0 пирӯз шуд. 
Имрӯз, 21-уми ноябр, дастаи занонаи волейболи соҳилии Тоҷикистон пас аз се бохт ба тимҳои Тайланд, Ҷопон ва Чин бо ҳисобҳои 0-2 бо тими Қазоқистон бозӣ мекунад.

Ноябрь 21, 2014 12:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад