Мусодираи маводи нашъаовар дар вилояти Суғд
Душанбе, 4.11.2014 (АМИТ “Ховар”, Мавҷуда Анварӣ).-Тайи чанд рӯзи охир аз тарафи кормандони Агентии назорати маводи нашъаовар дар ҳудуди ҷумҳурӣ як силсила чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ гузаронида шуданд.Ҳамин тариқ, дар ҳудуди ҷамоати Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз дохили мошини тамғаи «Мерседес Бенс», таҳти идораи шаҳрванди 44 -солаи ҷумҳурӣ бо истифодаи саги хизматӣ маводи нашъадор мусодира гардид.Дар ҷамоати Исфисори ҳамин ноҳия аз хонаи истиқоматкунандаи ноҳияи мазкур 18 бастаи маводи ҳашиш дарёфт шуд. Озмоишгоҳи ташхиси судӣ муайян кард, ки маводи мусодирашуда навъи ҳашиш буда, вазни он зиёда аз 5 килоро ташкил медиҳад. Бо гумонбарии фурӯши маводи нашъаовар дар ҳудуди деҳаи Фароби ноҳияи Панҷакент шаҳрванди 48-сола дастгир шуд, ки дар вақти азназаргузаронии шахсӣ аз ӯ маводи нашъаовари афюн ёфт шуд. Нисбат ба дастгиршудагон парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз шудаанд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






