Нақши барномаи 1С муҳосибот дар идораи ташкилот
Душанбе, 28.11.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Бо ибтикори раёсати илми Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ 27 ноябр дар донишкада бо ширкати доираи васеи устодону толибилмон дар мавзӯи «Нақши барномаи 1С муҳосибот дар идоракунии ташкилот» семинари илмӣ доир гардид.
Тавре ки устоди кафедраи баҳисобгирии муҳосибии донишкада Пайрав Бобомуродов иттилоъ дод, дар семинар муовини ректор оид ба илм Ғиёсиддин Ашуров иброз намуд, кумитаи тадорукоти семинари мазкур тасмим гирифтааст, дар ҳамкорӣ бо пажуҳишгарони макотиби олии кишвар дар соҳаи илм ва тадқиқоти илмӣ тавсияҳои мушаххасро доир ба масоили мавриди назар баррасӣ намояд.
Аслиддин Комилов, устоди кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ дар мавзӯи «Баҳисобгирии муҳосибӣ дар фаъолияти идоракунӣ» оид ба мақсад, вазифаҳо ва истифодаи барномаи 1С муҳосибот дар низоми идоракунии ташкилот сухан гуфта, зикр намуд, ки яке аз ҳадафҳои истифодаи барномаи 1С муҳосибот ин автоматикунии ҷои кори коргарон аст.
Ҳамчунин дар семинар маърӯзаҳо дар мавзӯи «Барномаи 1С муҳосибот дар ташкилотҳои буҷетии Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Нақши барномаи 1С муҳосибот дар шароити муосир ва ҳалли амалиёти муҳосибӣ», «Ҷоринамоӣ ва истифодаи СБҲМ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» шунида шуд, ки фарогири масоил оид ба мавқеи барномаи 1С муҳосибот ва ҷоринамоии он дар ташкилотҳои буҷавӣ, ҳалли масъалаҳои амалиёти муҳосибӣ бо ёрии ин барнома ва таҷрибаи ҷаҳонии ҳисобдорӣ буд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






