Нахустнамоиши «Гирдбод» дар Театри ҷавонон
Душанбе, 11.11.2014. (АМИТ «Ховар», Рафоати Абдулҳамид).-Рӯзҳои 11-ум ва 12- уми ноябри соли равон дар Театри давлатии ҷавонони ба номи М.Воҳидов нахустнамоиши «Гирдбод» барои устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ намоиш дода мешавад.Нахустнамоиш аз рӯи асари Нур Табаров саҳнагузорӣ гардидаастДар нақшҳои асосӣ ҳунармандони театри мазкур Тағоймурод Розиқов ва Абдулмуъмин Шарифӣ ва дар нақшҳои умумӣ дигар ҳунармандони театр нақшофарӣ мекунанд.Ҳамчунин дар баробари «Гирдбод» намоишномаҳои «Пайроҳаи зиндагӣ»- муалифаш Султон Сафаров, коргардон Қамариддин Мирзоев, «Баҳори 15-ум»-асари Александр Зак ва Игр Кузнетсов дар таҳияи коргардон Мирзоватан Миров низ намоиш дода мешаванд. Инчунин намоишҳои кӯдаконаи «Саргузашти 3 бузича»-и Абдувадуд Файзиев ва Ҷӯра Ҳошимӣ дар таҳияи коргардон Тағоймурод Розиқов,» «Аловиддин ва чароғи сеҳрнок»-и Нозим Меликов, «Бойи мокиёнхӯр»-и Ш. Солеҳ ба донишҷӯён намоиш дода мешавад. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Театри ҷавонони ба номи М.Воҳидов иттилоъ доданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






