Намоишгоҳи маҳсулоти саноатии Эрон
Душанбе, 10.11.2014. (АМИТ «Ховар», Покизаи Шодмон).- Дар охири ҳафтаи гузашта раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид ва иҷрокунандаи вазифаи сафири Эрон дар Душанбе Саидмаҳмуди Садрӣ масоили рушди ҳамкории Тоҷикистону Эронро муҳокима намуданд.
Тавре ки ПСС ҷумҳурӣ хабар медиҳад, Шариф Саид дар ҷараёни мулоқот перомуни дар шаҳри Душанбе доир намудани Намоишгоҳи байналмилалии маҳсулоти саноатии Эрон — «ЭРОН ЭКСПО — 2014», ки аз 12 то 15 ноябр дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» баргузор мегардад, нақл кард.
Ба гуфтаи Шариф Саид, намоишгоҳ ба сатҳи сифатан нав пайдо к ардани муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистону Эрон мусоидат мекунад.
Саимаҳмуди Садрӣ дар навбати худ рушди равобити иқтисодию тиҷоратии байни Тоҷикистонро зикр кард. «Ҳар ду кишвар барои рушди муносибатҳои дуҷониба лоиҳаҳои судманд доранд», — афзуд сафир.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






