Намоишгоҳи Палатаи савдои Амрико дар Тоҷикистон
Душанбе, 20.11.2014. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих ).- 21 ноябр дар шаҳри Душанбе намоишгоҳи аъзои Иттиҳодияи Палатаи савдои Амрико дар Тоҷикистон баргузор гардида, дар он фаъолияти созмонҳои ҳамкори палатаи мазкур муаррифӣ мегардад.
Ин чорабинӣ дар лоиҳаи байналмилалии «Ҳафтаи ҷаҳонии соҳибкорӣ» роҳандозӣ шуда, аксарияти кишварҳои ҷаҳонро фаро мегирад. Мақсад аз он ташаккул додани фарҳанги тоҷирон ва рушди соҳибкорӣ дар байни ҷавонон аст. Ғайр аз ин 21 ноябр дар шаҳри Душанбе бахшида ба «Ҳафтаи ҷаҳонии соҳибкорӣ» ду конфронс баргузор гардида, дар ҳошияи онҳо мутахассисони соҳаҳои мухталифи тиҷорат муаррифӣ карда мешаванд. Дар давраи кори конфронсҳо маросими мукофотонидани панҷ нафар ғолибони StartUp -ҳои таҳиякардаи ҷавонон ва иштирокдорони машқи думоҳаи омӯзишӣ оид ба таҳияи нақшаи тиҷоратӣ баргузор мешавад.
Қобили зикр аст, ки 18 ноябр дар шаҳри Душнбе конфронс дар мавзӯи «Соҳибкорӣ ва навоварии иҷтимоӣ дар ду тарафи сайёра» баргузор шуд, ки дар он донишҷӯёни донишкадаҳои олии Тоҷикистон ва Мактаби менеҷменти Андерсони иёлати Ню — Мехикои ИМА иштирок доштанд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






