Намоишгоҳи сайёҳии Тоҷикистон дар Кувайт
Душанбе, 28.11.2014. (АМИТ «Ховар»).- 24 ноябри соли 2014 дар Давлати Кувайт бо ибтикори Сафорати Тоҷикистон дар Давлати Кувайт намоишгоҳи сайёҳии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур муовини вазири тиҷорат ва саноат Самира ал-Ғариб, роҳбарони меҳмонхонаҳо ва ширкатҳои туристии Кувайт ва дигар хоҳишмандон ширкат варзиданд.Маврид ба зикр аст, ки аз ҷониби Тоҷикистон ширкатҳои туристии «Ассотсиатсияи мададгор ва рушди ширкатҳои туристӣ», ҶДММ «Памир силк Травел», ҶДММ «Сафари Помир», «Ассотсиатсияи эко-сайёҳӣ ва фарҳангии Помир», ҶДММ «Ҳафткӯл», ҶДММ «Боми ҷаҳон», ва ҶДММ «Памир пикс» таҳти роҳбарии муовини аввали раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Лочин Файзуллоев иштирок карда, роҷеъ ба имкониятҳову минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон ба ҳозирин маълумот ироа намуданд.Зимни чорабинии мазкур барои доир намудани ин намоишгоҳ ба ҷониби Тоҷикистон баҳои баланд дода шуда, таъкид гардид, ки пас аз муаррифии Тоҷикистон дар Кувайт сафари сайёҳон ба Тоҷикистон зиёд хоҳад шуд.Боиси тазаккур аст, ки ин намоиш дар ҳамаи расонаҳои хабарии Кувайт, аз ҷумла «The Times Kuwait», «ал-Қабас», «ан-Наҳор» «ал-Ҷарида» ва телевизиони давлатӣ нашр ва пахш шуд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






