Намоиши моделҳои зебосозон ва «намадбофӣ»
Душанбе, 4 ноябр. (АМИТ «Ховар», Марҳабои Азамат ).- Дар ҳошияи Ҷашнвораи УШ байналмилалии «Диёри ҳусн — 2014», ки аз 6 то 9 ноябр дар пойтахти Тоҷикистон баргузор мегардад, 6 ноябр дар Душанбе — Плаза маросими муаррифии маҳсулоти косибони Осиёи Марказӣ доир шуда, аз ҷумла, маснуоти косибони Тоҷикистон ба маърази намоиш гузошта мешавад.
Назар ба хабари манбаъ, дар ҳошияи ҷашнвора маросими чошнигирии чой ва маснуоти қаннодӣ бо иштироки меҳмонони ҷашнвора — намояндагони ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ва Эрону Афғонистон баргузор мешавад.
Ба гуфтаи манбаъ, 7 ноябр маросими намоиши маҳсулоти косибони Осиёи Марказӣ идома ёфта, дар Душанбе — Плаза театри «Лаку Пак» ҳунарнамоӣ мекунад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид






