Намоишномаи «Фирдавсӣ» дар театри Кӯлоб

Ноябрь 20, 2014 12:35

Кӯлоб, 20.11.2014.  (АМИТ  «Ховар»,  Сулаймони  Хол).- Дирӯз дар Театри  вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи С.Вализодаи шаҳри Кӯлоб намоишномаи ҷолибе намоиш дода шуд. Драмаи Меҳмон Бахтӣ «Фирдавсӣ»   бо коргардонии Ҳунарманди халкии Тоҷикистон М. Миров дар рӯзи нахустнамоиш коршиносону мунаққидони театр, аҳли илму адаби ҷумҳурӣ ва ҳаводорони сершумори санъати театриро ба ҳам овард. Намоишнома, ки аз солҳои охири ҳаёти устод Фирдавсӣ қисса мекунад, дорои саҳнаҳои тарғибгари фарҳангу забон, ҳуввияту худшиносӣ ва бозгашт ба асолати ватандорӣ буда, ҳунармандони театри овозадори ба номи С.Вализода аз иҷрои накшҳои хеш ба хубӣ баромаданд. Хатти сабзи намошномаи мазкур, ки рабти бевосита  ба ҷаҳонишавии замони  муосир дорад, аз ҳар ҷиҳат ба тамошобинон писанд омад, зеро тарғиби осори Фирдавсии бузург ва «Шоҳнома»-и безаволи ӯ тимсоли шуҷоату далерӣ ва мактаби беназири худшиносист, ки ҳар як фарди ҷомеа метавонад аз он сабақ гирад. Ба гуфти коршиносони санъати театрӣ бо ин намоишнома ва аз дигар рӯ овардан ба Фирдавсӣ ва тарғиби ғояҳои  худшиносӣ  театри имрӯзаи тоҷик  ба муваффақиятҳо комёб мегардад. Тавре ки Гулмурод Зуҳуров, Корманди шоистаи Тоҷикистон  иброз  дошт, намошнома дар баробари як драмаи мукаммали психологию фалсафӣ будан, инчунин дорои масъалаҳои комили иҷтимоӣ, аз ҷумла бозтоб намудани  фидокорию инсонпарварӣ, садоқату ишқу муҳаббати беолоиш низ буд.
  Пас аз анҷоми намоишнома аз ҷониби тамошобинону мунаққидон пешниҳод шуд, ки намоишномаи мазкур дар дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ  пешкаши тамошобинон гардонида шавад. 

Ноябрь 20, 2014 12:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!