Намоишномаи «Кони пурганҷ»
Душанбе, 13.11.2014. ( АМИТ «Ховар», Рафоати Абдулҳамид).- Рӯзи 16- уми ноябри соли равон дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ намоишномаи «Кони пурганҷ» баргузор мешавад.
Коргардони намоишномаи мазкур С. Темурова буда, ба воситаи намоишномаи хеш дар бораи фикрронӣ ва рафтору амали ҷавононе нақл мекунад, ки касби душвори маъданҷӯиро пеша кардаанд ва кашфи конҳои пурганҷи диёр ба манфиати ояндаи халқу ватан орзую ормонашон аст. Дар ин роҳ ба монеаҳои зиёд дучор мешаванд ва дар ҳаёташон воқеаҳои зиёди аҷоибу ғароиби ғайричашмдошту мароқовар рух медиҳанд, вале ҷӯшу хурӯши ҳақиқии ҷавонӣ, меҳри самимӣ ба касб, ватандӯстию масьулиятшиносӣ ва ишқу муҳаббати пок мададашон мекунад, ки оқибат ба орзуи наҷиби худ расанд.
Аксари қаҳрамонҳои намоишнома бо хислату хилқати пок, устуворию матонат ва ишқу садоқат намунаи ибрати донишҷӯёни муосири мо буда метавонанд ва ҳадафи муаллифон низ ҳамин пайванди маънавист. Онҳо ба воситаи намоиши хеш гуфтанианд, ки кони асосиву пурганҷтарини халқу диёри мо ана ҳамин ҷавонони донову тавоно ва ҷӯяндаву ёбандаанд.
Тавре ки аз театри мазкур хабар доданд, намоишнома соати 16:00 оғоз меёбад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






