Нашри китоби «Султони заҳмат» ба забони қазоқӣ

Ноябрь 11, 2014 11:08

Душанбе, 11.11.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- Тавре ки қаблан хабар дода шуда буд, соли 2012 китобе дар бораи ҳаёту фаъолияти Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар жанри публисистикаи таърихию сиёсӣ ба забонҳои русӣ ва тоҷикӣ аз чоп баромада буд. Нависандаи маъруфи тоҷик Воҳид Ғаффорӣ (Абдувоҳид Ғаффоров) муаллифи китоб ва мушовири калони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон Зафар Сайидзода ҳаммуаллифи консепсия ва муҳаррири масъули ин асар мебошад. Дар китоб симои Президенти Қазоқистон ҳамчун инсону сиёсатмадор тасвир ёфтааст. Чанде пеш нашриёти «Энсиклопедияи қазоқ» дар шаҳри Алмаато ин китобро бо теъдоди ду ҳазор нусха рӯи чоп овард.Қобили зикр аст, ки ин нахустин китоби муаллифони хориҷӣ дар бораи ҳаёту фаъолияти Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев аст, ки ба забони қазоқӣ тарҷума ва интишор шудааст. Ёдовар мешавем, ки китоби «Султони заҳмат» бори нахуст дар Тоҷикистон нашр шуда буд. Сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон Оғибой Смагулов дар робита бо интишори китоб ба забони русӣ зикр намуд, ки он бо амиқ донистани таърихи Қазоқистони мустақил иншо шуда, дар он ҳамаи воқеаҳое, ки тайи 20 сол рух додаанд, равшан зикр ёфтаанд. Ба муносибати нашри ин китоб ба намояндагони ҷомеа ва зиёиёни эҷодкори Тоҷикистон изҳори сипос намуда, зикр шуда буд, ки ҳарчи бештар воқиф шудан аз ҳаёти якдигар, муносибатҳои дӯстию ҳамкории байни халқу давлатҳои Тоҷикистону Қазоқистонро боз ҳам мустаҳкамтар мегардонад.

Ноябрь 11, 2014 11:08

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд