НБО-и Роғун ба кор даъват мекунад
Душанбе, 13.11.2014. (АМИТ «Ховар», Музаффари Рустам).- Ба диққати муҳоҷирони меҳнатӣ — шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва корҷӯёне, ки дар ҷустуҷўи кор мебошанд, расонида мешавад, ки шахсоне, ки воридшавиашон ба қаламрави Федератсияи Русия манъ шудааст, дар Неругоҳи барқи обии Роғун бо кор таъмин мешаванд.
Шаҳрвандоне, ки дорои ихтисосҳои сохтмончӣ , кафшергари газу барқ, ронанда ва ғайра мебошанд, дар неругоҳ бо кор таъмин мешаванд. Онҳо дар ин корхона бо маоши баланд ва шароити хуби зист таъмин мегарданд.
Инчунин нафароне, ки хоҳиши соҳиби ягон касб шуданро доранд ва ё касбу ҳунари муайян дошта, ҳуҷҷати тасдиқкунандаи онро надоранд, метавонанд ба курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзии МД «Маркази таълими калонсолон» -и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд.
Хоҳишмандон метавонанд ба бахши қабули Хадамоти муҳоҷират аз тариқи телефони 225-07-19 муроҷиат намоянд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






