Нигаронии Президент аз таълиму тарбияи наврасон
Душанбе, 12.11.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- «Ҳукумати кишвар ба масъалаи таъмин намудани фаъолияти мунтазами муассисаҳои таҳсилоти миёнаву умумии мамлакат аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад»,-таъкид дошт имрӯз зимни боздид аз ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.Сарвари Давлат ҳамчунин изҳор дошт, ки раванди бунёди мактабҳои замонавӣ, таъмини онҳо бо таҷҳизоту технологияҳои муосир ва лавозимоти хониш бомаром идома дошта, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи дониши хонандагон ва таҷрибаи омӯзгорон ҳамаи чораҳои зарурӣ амалӣ мешаванд.Натиҷаи ҳамин аст, ки то охири соли ҷорӣ дар ноҳияи Ёвон 16 иншооти соҳаи маориф, аз ҷумла мактабҳои нав ва синфхонаҳои иловагӣ барои қариб 2000 нафар хонанда ба истифода дода мешавад.«Бо вуҷуди ин хотирнишон месозам, ки агарчи сол ба сол шумораи хонандагони ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дохилшуда афзоиш меёбад, вале ин дастовард ҳоло қонеъкунанда нест.Хусусан дар самти боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани корҳои таълиму тарбия, пешгирӣ кардани ҳолатҳои аз таҳсил берун мондани наврасон ва хусусан духтарон андешидани тадбирҳои иловагӣ ва доимӣ зарур аст», — изҳори нигаронӣ намуд Э. Раҳмон.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






