Ошкоршавии ҷинояти роҳзанӣ
Душанбе, 22.11.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Дар натиҷаи бурдани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Қодир Саидов соли таваллудаш 1989, сокини шаҳри Душанбе, ки пеш бо моддаи 244 КҶ ҶТ суд шудааст, аз ҷониби кормандони Шӯъбаи ВКД дар ноҳияи Фирдавсӣ бо гумони содир намудани ҷинояти роҳзанӣ дастгир гардид. Назар ба иттилои ВКД ҶТ, дастгиршуда 19-уми ноябри соли ҷорӣ дар кӯчаи Деҳотии пойтахт ба воситаи корд ва истифодаи зуроварӣ аз шаҳрванд Абдукарим Нуралиев соли таваллудаш 1990, сокини ноҳияи Ҳисор, 1-адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг Гелекси-5”-ро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Нисбат ба далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






