Ошкоршавии азхудкунии моли корхона
Душанбе, 13.11.2014. АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- Дирӯз дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян гардид, ки шаҳрванд Аскар Шарифов, соли таваллудаш 1967, сокини ноҳияи Исфара, собиқ сардори КВД ҷумҳуриявии “Тоҷикагролизинг” аввалҳои моҳи январи соли 2014 бо сӯиистифода аз мансаб дидаю дониста 1 адад трактори тамғаи “Тоҷирон”-ро, ки ба корхонаи мазкур барои истифода дода шудааст, бо роҳи сохтакорӣ ҳуҷҷат тайёр намуда, аз худ кардааст. Сипас, ин тракторро ба шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон Абдувосит Одилов, соли таваллудаш 1970 ба маблағи 15 ҳазор доллари амрикоӣ фурӯхта, маблағи онро барои эҳтиёҷоти худ сарф намудааст. Нисбат ба далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






