Озмуни эҷодии «Ин таърихи муваффақияти ман аст!»
Душанбе, 26.11.2014. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- Бо ибтикори Анҷумани волидайни кӯдакони имкониятҳояшон маҳдуд 25 ноябр озмуни эҷодии истифодабарандагони фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ ва намояндагони васоити ахбори омма таҳти унвони «Ин таърихи муваффақияти ман аст!» оғоз ёфт. Тавре ки аз ширкати «Мегафони Тоҷикистон» ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, мақсад аз роҳандозии озмун дастгирии ҷавонони боистеъдод, табодули иттилотии таҷриба барои рафъи душвориҳо ва ба даст овардани муваффақиятҳо, ҳавасмандгардонии мардуми муваффақу эҷодкор, истифодабарандагони фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ ва журналистонест, ки ба рушди ҳаёти ҷамъиятӣ ҳисса мегузоранд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






