Озмуни Хазинаи сафирон оид ба ҳифзи мероси фарҳангӣ

Ноябрь 7, 2014 14:31

Душанбе, 07.11.2014 (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).-Сафорати  Иёлоти Муттаҳида Амрико дар Тоҷикистон озмуни Хазинаи сафирон оид ба ҳифзи мероси фарҳангӣ (ХСҲМФ) дар Душанберо  эълон кардааст.
Тавре ки дар ин бора аз сафорати ИМА хабар доданд, 12 ноябри соли равон дар Гӯшаи Амрико, воқеъ дар Китобхонаи милли Тоҷикистон, ошёнаи 4-ум машварати  иттилоотӣ роҷеъ ба барномаи ХСҲМФ  баргузор мегардад.
Озмуни ХСҲМФ барномаҳоро, аз қабили барқарор намудани иморатҳои бостонӣ  ва таърихӣ, арзёбӣ  ва ҳифзи дастнависҳои нодир ва нигораҳои  осорхонаҳо, нигоҳ доштан ва ҳифз намудани  мавзеъҳои  муҳими бостонӣ, сабту ҳуҷҷатгузорӣ  намудани ҳунарҳои миллӣ ва забонҳои маҳаллӣ, ки зери хатари нестшавӣ қарор гирифтаанд, дастгирӣ менамояд.  
Гуфта мешавад, ки Хазинаи сафирон оид ба ҳифзи мероси фарҳангӣ дар соли 2001 ҷиҳати нигоҳ доштани  мероси фарҳангӣ ва зоҳир намудани  эҳтироми ИМА нисбат ба фарҳангҳои ғайр таъсис дода шудааст. Мероси фарҳангӣ нишонаест аз саҳмгузорӣ ва таҷрибаи таърихии башарият. То ба имрӯз сафорати  Иёлоти Муттаҳидаи Амрико таввасути гранти ХСҲМФ 15 барномаро дар Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 540 ҳазор  доллари амрикоӣ дастгирӣ намудааст. 
Ташкилотҳое, ки нияти дар озмун иштирок карданро доранд, метавонанд дар машварати мазкур иштирок намоянд. Муҳлати охирини супоридани ҳуҷҷатҳо 28 ноябри соли 2014 мебошад. Ҳуҷҷатҳои супурда аз рӯзи пешниҳод шуданашон таҳти баррасӣ қарор хоҳанд гирифт. 
 

Ноябрь 7, 2014 14:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд