Панҷакент: Пардохти нафақа таҳти назорат
Панҷакент, 11.11.2014.(АМИТ «Ховар», Гулбаҳори Худойбердӣ).-Ба иттилои сардори Раёсати Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи шаҳри Панҷакент Абдуҳамид Саидов шумораи нафақагирон дар шаҳр ҳоло ба 20 ҳазору 835 нафар расида, талаботи якмоҳаи нафақа 4,5 млн. сомониро ташгкил медиҳад. Дар шаҳри Панҷакент 16 нафар иштирокчии ҶБВ, 4600 нафар нафақагири маъюб, 2000 нафар нафақагири бесаробон, 1790 нафар гирандаи нафақаи иҷтимоӣ ба қайд гирифта шуда, онҳо ҳамеша таҳти назорати масъулини раёсат қарор доранд. Зикр гардид, ки музди миёнаи ҳар нафақагир 212 сомониро ташкил дода, он то моҳи октябр пурра пардохт шудааст. Масъулини раёсат моҳе як маротиба аз аҳволи иштирокчиёни ҶБВ, иштирокчиёни фоҷиаи Чернобил, оилаҳои бесаробон ва дигар табақаҳои камбизоате, ки нафақа мегиранд, хабар гирифта, нафақаашонро ба онҳо сари вақт мерасонанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






