Парчамат бодо парафшон, Тоҷикистонам!
Душанбе, 20.11.2014. (АМИТ “Ховар”, Зарангези Латиф).- Бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Тоҷикобод бахшида ба Рўзи Парчам зери шиори «Парчамат бодо парафшон,Тоҷикистонам!» мулоқоти масъули Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷалолиддин Нуров бо омўзгорон ва наврасону ҷавонони мактаби №13 ҷамоати Капалӣ баргузор гардид.
Дар мулоқот Ҷалолиддин Нуров оид ба таърихи Парчам ва муқаддасоти он ёдовар шуда, аз боло бардоштани Парчами давлатӣ дар олимпиадаҳои варзишӣ дар байни 205 давлати ҷаҳон аз ҷониби варзишгарони тоҷик Расул Боқиев ва Мавзуна Чориева изҳори минатдорӣ намуд ва барои боз ҳам парафшон намудани Парчами Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон аз ҷавонон даъват ба амал овард.
Ба иттилои роҳбари мактаби номбурда Сўҳроб Ваҳҳобов дар соли 2014 аз ин мактаб 16 нафар ба донишгоҳҳои оли кишвар дохил шуд.
Ҳамзамон зикр гардид,ки бо ташаббуси раиси ноҳияи Тоҷикобод дар соли хониши 2014 дар мактаби номбурда як синфхонаи замонавӣ барои хонандагони 6-сола ва як синфхонаи замонавӣ барои хонандагони болаёқати таъмир шуда, бо мизу курсии замонавӣ таъмин шуд.
Дар мулоқот мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Тоҷикобод ёдовар шуд, ки Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҷалби ҷавонон бо сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо масъулияти баланд иҷро шуд. Номбурда сол аз сол аз зиёдшавии сафи ҷавононе, ки ихтиёран ба сафи Кувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҳикистон шомил мегарданд, ёдовар шуда, онро баракати ваҳдати милли ва сулҳу суботи кишвар маънидод намуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






