Парчамат бодо парафшон, Тоҷикистонам!

Ноябрь 20, 2014 10:34

Душанбе, 20.11.2014. (АМИТ “Ховар”, Зарангези Латиф).- Бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Тоҷикобод бахшида ба Рўзи Парчам зери шиори «Парчамат бодо парафшон,Тоҷикистонам!» мулоқоти масъули Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷалолиддин Нуров бо омўзгорон ва наврасону ҷавонони мактаби №13 ҷамоати Капалӣ баргузор гардид.
Дар мулоқот Ҷалолиддин Нуров оид ба таърихи Парчам ва муқаддасоти он ёдовар шуда, аз боло бардоштани Парчами давлатӣ дар олимпиадаҳои варзишӣ дар байни 205 давлати ҷаҳон аз ҷониби варзишгарони тоҷик Расул Боқиев  ва Мавзуна Чориева изҳори минатдорӣ намуд ва барои боз ҳам парафшон намудани Парчами Тоҷикистон  дар арсаи ҷаҳон аз ҷавонон даъват ба амал овард. 
Ба иттилои роҳбари мактаби номбурда Сўҳроб Ваҳҳобов дар соли 2014 аз ин мактаб 16 нафар ба донишгоҳҳои оли кишвар дохил шуд.
Ҳамзамон зикр гардид,ки бо ташаббуси раиси ноҳияи Тоҷикобод дар соли хониши 2014 дар мактаби номбурда як синфхонаи замонавӣ барои хонандагони 6-сола ва як синфхонаи замонавӣ барои хонандагони болаёқати таъмир шуда, бо мизу курсии замонавӣ таъмин шуд.
Дар мулоқот мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Тоҷикобод ёдовар шуд, ки Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҷалби ҷавонон бо сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо масъулияти баланд иҷро шуд. Номбурда сол аз сол аз зиёдшавии сафи ҷавононе, ки  ихтиёран ба сафи Кувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҳикистон  шомил мегарданд, ёдовар шуда, онро баракати ваҳдати милли ва сулҳу суботи кишвар  маънидод намуд.
 
 
 

Ноябрь 20, 2014 10:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад