Парлумон ба «Қолинҳои Суғд» имтиёзҳои андозӣ дод
Душанбе, 12.11.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-12 ноябр палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон бо ворид намудани тағйиру илова ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014» ба ду корхонаи азими саноатии кишвар имтиёзҳои андозӣ дод, ки яке аз онҳо ҶДММ «Қолинҳои Суғд», воқеъ дар шимоли мамлакат мебошад. Меҳринамо Ҷонмамадова -муовини вазири молияи ҷумҳурӣ дар назди вакилони Маҷлиси намояндагон гуфт, ки корхонаи саноатии «Қолинҳои Суғд» ҷиҳати воридоти як адад дастгоҳи бофандагӣ аз Белгия аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ дар ҳаҷми 1, 5 миллион сомонӣ озод мешавад. Арзиши умумии дастгоҳи бофандагии аз Аврупо воридшаванда 956 ҳазору 500 евро ё беш аз 6 миллион сомонӣ буда, пардохтҳои гумрукии он 1,5 миллион сомонӣ, аз ҷумла андоз аз арзиши иловашуда 1, 2 миллион сомонӣ ва боҷи гумрукӣ 0,3 миллион сомониро ташкил медиҳад. Ворид ва насби дастгоҳи бофандагӣ имконият медиҳад, ки сифати маҳсулот ба маротиб беҳтар гардида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти солона то ба 720 ҳазор метри мураббаъ зиёд гардонида шавад. Инчунин он ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва ворид намудани маблағҳои иловагӣ ба буҷет имконият ва шароит фароҳам меорад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






