Парлумон ба Қонуни конститутсионӣ тағйирот ворид менамояд
Душанбе, 3.11.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Интизор меравад, ки дар ояндаи наздик палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» тағйиру иловаҳо ворид намояд. Масъалаи мазкур 3 ноябр дар ҷаласаи Шӯрои палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон, ки таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров-раиси Маҷлиси намояндагони доир гардид, баррасӣ шуд. Аъзои Шӯро ҳамзамон ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи фармоиши давлатии мудофиавӣ», «Дар бораи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ», «Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ», Дар бораи мубориза бар зидди терроризм», «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)» ва «Дар бораи мудофиаи гражданӣ» -ро мавриди муҳокима қарор доданд.
Дар анҷоми ҷаласа бархе аз масъалаҳо барои баррасӣ ва қабул ба ҷаласаи навбатии иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум ва кисми дигар барои хулосабарорӣ ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагон пешниҳод
шуданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






