Парлумон Буҷети давлатӣ барои соли 2015 -ро қабул кард
Душанбе, 19.11.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон 19 ноябр Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015-ро дар зарфи ду соат баррасӣ ва қабул намуданд. Абдусалом Қурбонов-вазири молияи ҷумҳурӣ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015»-ро тавзеҳ дода гуфт, ки Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015 дар асоси гурӯҳбандии нави иқтисодӣ таҳия гардида, даромад ва хароҷоти он аз рӯи соҳаҳо ба танзим дароварда мешавад. Ҳаҷми Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015 аз ҳисоби ҳамаи манбаҳои даромад 15,3 миллиард сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки нисбат ба буҷети соли равон 1, 4 миллиард сомонӣ зиёд аст. Дар буҷети давлатӣ барои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ 2 миллиард сомонӣ, маблағи махсуси иншоотҳои буҷетӣ 78,5 миллион сомонӣ ва даромади ҷории буҷети давлатӣ 12,6 миллиард сомонӣ ба ҳисоб гирифта шудааст. Ҳиссаи ҳаҷми умумии буҷети давлатӣ дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 28,9 % ва даромади ҷории он ба 23,9 % баробар гардидааст. Дар лоиҳаи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015 ба ҶДММ «Қолинҳои Қайроққум» барои воридоти як адад дастгоҳи бофандагӣ ва воридоти чорвои хушзот имтиёзҳои андозӣ дода шуда, аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод мешаванд.
Вазири молияи кишвар афзуд, ки хароҷоти буҷети давлатӣ барои соли 2015 дар доираи нишондиҳандаҳои даромад бо назардошти касри буҷет 0,5% -и маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ баробар гардида, нисбат ба соли равон 1, 4 миллиард сомонӣ афзоиш меёбад, ки ин ба 29, 4 % маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ баробар аст.
Бояд тазаккур дод, ки Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015 ҳусусияти иҷтимоии худро гум накардааст. Дар Буҷети давлатӣ дар доираи барномаи стратегии давлат барои маблағгузории бахшҳои иҷтимоӣ диққати махсус дода шуда, бо ин мақсад 7,7 миллиард сомонӣ бо афзоиши 855,1 миллион сомонӣ равона мегардад. Агар дар соли равон хароҷоти ин соҳаҳо нисбат ба маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 14, 2%-ро ташкил диҳад, дар соли оянда ба 14, 7 % баробар мегардад.
Дар Буҷети давлатӣ барои соли 2015 ба соҳаи маориф 2,9 миллиард сомонӣ бо афзоиши 401,8 миллион сомонӣ , тандурустӣ 1,2 миллиард сомонӣ бо афзоиши 105,3 миллион сомонӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва нафақа 2,9 миллиард сомонӣ бо афзоиши 198 миллион сомонӣ, фарҳанг ва варзиш 736,5 миллион бо афзоиши 150, 2 миллион сомонӣ ва илм 82,6 миллион сомонӣ бо афзоиши 4, 7 миллион сомонӣ равона мешавад.
Инчунин дар Буҷети давлатии соли оянда барои сохтмон ва барқарорсозии иншоотҳои низоми энергетикӣ, роҳҳои мошингард, дастгирии бахши кишоварзӣ, беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо, бо оби нӯшокӣ таъмин намудани аҳолӣ, инфрасохтори хоҷагии манзилию коммуналӣ ва дигар иншоотҳои муҳими кишвар 4,3 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Барои комплекси сӯзишворию энергетикӣ ба маблағи 2 миллиард сомонӣ, нақлиёт ва коммуникатсия бо назардошти таъмир ва барқарорсозии роҳҳои маҳаллӣ 964,2 миллион сомонӣ ва хоҷагии манзилию коммуналӣ 835,7 миллион сомонӣ бо афзоиши 62 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Инчунин барои иваз намудани дастгоҳи тақсимоти об дар нерӯгоҳи барқи обии Норак 52,7 миллион сомонӣ, навсозии НБО-и Қайроққум 20 миллион сомонӣ, лоиҳаи «CASA-1000» 13 миллион сомонӣ, сохтмони маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2» 25 миллион сомонӣ ва барои барқарорсозии неругоҳи барқи обии Роғун 1, 6 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






