Парлумон Буҷети давлатӣ барои соли 2015-ро қабул мекунад
Душанбе, 19.11.2014.(АМИТ „Ховар“, Марзия Саидзода).-Интизор меравад, ки имрӯз дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагон вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015»-ро баррасӣ ва қабул намоянд. Назар ба иттилои Муҳаммадато Султонов- котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон вобаста ба баррасӣ ва қабули Буҷети давлатии ҷумҳурӣ барои соли 2015 ба Парлумон роҳбарони бахши иқтисодии кишвар даъват гардидаанд. Ҳамзамон дар назар аст, ки вакилони Парлумон лоиҳаҳои «Барномаи давлатии қарзгирии берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2017» ва «Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015»-ро муҳокима ва қабул намоянд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






