Парлумон санадҳои молиявиро ба тасвиб мерасонад
Душанбе, 26.11. 2014. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Интизор меравад, ки имрӯз вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон маҷмӯи санадҳои молиявиро баррасӣ карда, ба тасвиб расонанд.Санадҳои мазкур Созишномаи кафолатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд /БАТР/ оид ба лоиҳаи «Барқарорсозии Неругоҳи барқи обии /НБО/-и Қайроққум», Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ширкати саҳомии холдингии кушодаи /ШСХК/ «Барқи Тоҷик» ва БАТР оид ба лоиҳаи «Барқарорсозии НБО-и Қайроққум», Созишномаи қарзӣ байни ШСХК «Барқи Тоҷик» ва БАТР оид ба лоиҳаи «Барқарорсозии НБО-и Қайроққум», Созишномаи қарзии имтиёзнок байни ШСХК «Барқи Тоҷик» ва БАТР оид ба лоиҳаи «Барқарорсозии НБО-и Қайроққум» мебошанд. Ҳамзамон дар назар аст, ки вакилони Маҷлиси намояндагон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷетии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014» илова ворид намоянд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






