Парлумон тарҳи нави қонуни гирдиҳамоиҳоро қабул кард
Душанбе, 13.11.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Тибқи тарҳи нави Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳо» шаҳрвандоне, ки бидуни иҷозати мақомоти марбута гирдиҳамоию роҳпаймоиҳо ташкил мекунанд, ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳо»-ро 12 ноябр вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон муҳокима ва қабул карданд.
Амирқул Азимов -раиси Кумита оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амнияти Маҷлиси намояндагон зимни тавзеҳи лоиҳаи қонуни мазкур гуфт, ки он муносибатҳои ҷамъиятиро ҳангоми баргузории маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳои осоишта дар қаламрави кишвар ба танзим медарорад.
Тибқи тарҳи нави қонуни мазкур чорабиниҳои ошкоро осоишта ва ба ҳама дастрас дар шакли маҷлис, гирдиҳамоӣ, намоиш, пикетгузорӣ ва роҳпаймоӣ бо ташаббуси шаҳрвандон, ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва динӣ тибқи аризаи пешниҳоднамудаи онҳо ба мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ амалӣ мешаванд, ки дар ариза мақсад, сана, вақт, ҷой, шакли баргузор намудан, чорабиниҳо ва дигар шартҳои он пурра нишон дода мешавад. Инчунин дар навбати худ намояндаи ваколатдори мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ, ки дар ҷараёни баргузор намудани чунин чорабиниҳои оммавӣ бевосита иштирок намуда, амалҳои онҳоро дар бораи баргузор намудани чунин чорабиниҳо бо онҳо мувофиқа менамояд ва намояндаҳои ваколатдори мақомоти корҳои дохилӣ дар минтақаҳое, ки чунин чорабиниҳои оммавӣ баргузор мегардад, дар Раёсат ва шуъбаи корҳои дохилӣ нақшаю чораҳои лозимӣ тартиб дода шуда, тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон, инчунин риояи қонуниятро зимни баргузор намудани чорабиниҳои оммавӣ таъмин менамоянд.
Ҳамзамон тибқи тарҳи нави қонуни мазкур маҷбур намудани шаҳрвандон барои иштирок дар чорабиниҳои оммавӣ манъ аст ва он боиси ба ҷавобгарии пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кашидан мегардад. Мақомоти ҳокимияти давлатӣ, шахсони мансабдори корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо, новобаста аз шаклҳои ташкилию ҳуқуқиашон, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандон ҳуқуқ надоранд ба чорабиниҳои оммавие, ки бо тартиби муайяннамудаи қонуни мазкур баргузор мешавад, мамониат кунанд. Ҳамзамон дар тарҳи нави қонуни мазкур вазъи ҳуқуқи намояндагони васоити ахбори омма зимни инъикоси ҷараёни баргузории гирдиҳамоию намоишҳо таъкид гардидааст.
Мавриди зикр аст, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон „Дар бораи маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳо ҳанӯз соли 1998 таҳия ва қабул гардида буд. Баъдан бо назардошти рӯйдодҳо ва дигаргуниҳо дар ҷомеаи муосири кишвар Парлумони мамлакат ба он ду маротиба -солҳои 2011 ва 2013 тағйиру иловаҳо ворид намуд.








Green Wi-Fi: интернет ҳангоми сайру гашт дастрастар мегардад
Nexign ва TelecomDaily: бозори алоқаи Тоҷикистон дар соли 2025 ба андозаи 13,7% афзоиш ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Шаҳринав даври ноҳиявии озмуни «Кадбонуи беҳтарин» доир гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 30 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд






