Пирӯзии навбатии «Истиқлол»
Душанбе, 24.11.2014. (АМИТ «Ховар»).- Дастаи Истиқлол» -и шаҳри Душанбе баъди пирӯзиаш барои дарёфти Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Шоҳҷоизаи кишвар , дар мусобиқоти миллӣ низ бо роҳбарии сармураббӣ Мӯъбин Эргашев бо ҳисоби 5: 2 бар дастаи «Регар – ТадАЗ» — и шаҳри Турсунзода ғолиб омада, Ҷоми ҷумҳуриро ба даст овард.
Тавре ки аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, дастаи «Истиқлол» маротибаи чорум аст, ки Ҷоми миллии Тоҷикистон оид ба футболро ба даст меорад.
Ба ҳамин тариқ, дастаи «Истиқлол» соли ҷорӣ ҳамаи ҷоизаҳои имконпазирро соҳиб шуда, дар мавсими оянда аз ҷониби Тоҷикистон барои дарёфти Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё -2015 ҳунарнамоӣ мекунад.








Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад






