«Помир» — иштирокчии бозиҳои нимниҳоӣ

Ноябрь 12, 2014 12:07

Душанбе, 12.11.2014. (АМИТ «Ховар»).- 10 ноябр дар шаҳри Душанбе қисми хотимавии мусобиқоти Тоҷикистон байни футболбозони ҷавони соли таваллудашон 1997 — 1998 оғоз ёфт. Барои ноил шудан ба унвони қаҳрамони ҷумҳурӣ 8 дастаи минтақаҳои мухталифи кишвар ширкат доранд. Тавре ки сардори шуъбаи футболи кӯдакону наврасони Федератсияи футболи Тоҷикистон Анваршо Мирзоев хабар дод, дар марҳалаи пешакӣ дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим карда шуданд. Ба гурӯҳи «А» дастаҳои «Энергетик» — и шаҳри Душанбе, «Суғдиён» — и Чкалов, «Хулбук» — и Восеъ ва «Орзӯ» — и Шаҳринав шомиланд. Гурӯҳи «Б» иборат аз дастаҳои Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати баланди варзишӣ, «Зарафшон» — и Панҷакент, «Бешкент» — и ноҳияи Носири Хусрав ва «Помир» — и шаҳри Хоруғ аст. Аз рӯи натиҷаи марҳалаи гурӯҳӣ ду дастаи беҳтарин барои гирифтани роҳхат ба вохӯрии нимниҳоӣ муайян карда мешавад. Бозиҳои ду даври мусобиқот баргузор шуданд. Дар гурӯҳи «А» дастаи «Хулбук» — и Восеъ пешсаф аст. Дастаи мазкур бо ҳисоби 4:0 дастаи «Энергетик» — и пойтахтро мағлуб сохта, бозиро бо дастаи «Суғдиён» — и Чкалов бо ҳисоби 1:1 мусовӣ намуд. Дастаҳои «Энергетик» ва «Орзӯ» ҷойҳои дуюм ва сеюмро ишғол менамоянд. Дар гурӯҳи «Б» дастаи «Помир» 6 хол ба даст оварда, ба вохӯрии нимниҳоӣ роҳхат гирифт. Барои гирифтани роҳхати дуюм ба вохӯрии нимниҳоӣ дастаҳои Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати баланди варзишӣ ва «Зарафшон» — и Панҷакент иддао доранд.Ёдовар мешавем, ки бозиҳои ниҳоии мусобиқот 14 ноябр баргузор мешаванд.

Ноябрь 12, 2014 12:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст