Президент : «Бунёди роҳи оҳан рушди босуботи кишвар»
Душанбе, 12.11.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- «Ҳукумати мамлакат бо мақсади ҳарчи зудтар амалисозии лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани Душанбе — Қӯрғонтеппа, қитъаи “Ваҳдат-Ёвон” дар баробари истифода аз сарчашмаҳои дохилӣ ҷиҳати ҷалби сармоягузории хориҷӣ ба маблағи беш аз 360 миллион сомонӣ чораҳои мушаххасро амалӣ карда истодааст»,- зикр намуд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни мулоқот бо фаъолон ва аҳолии ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон.Сарвари Давлат ҳамчунин изҳор дошт, ки то имрӯз танҳо аз ҳисоби сарчашмаҳои дохилӣ 245 миллион сомонӣ азхуд карда шуда, 375 нафар коргар дар ду баст фаъолият доранд.Бунёду мавриди истифода қарор додани ин қитъаи роҳи оҳан дар рушди босуботи мамлакат, аз ҷумла вилояти Хатлон ва махсусан ноҳияи Ёвон аҳмияти калони иқтисодиву иҷтимоӣ дорад.«Зеро тавассути бунёди роҳи оҳани мазкур пойтахти мамлакат бо калонтарин вилоят пайваст карда мешавад, ки боз як қадами устувор барои амалисозии ҳадафи стратегии баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ мебошад»,-афзуд Президент.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






