Пули нав-пайвандгари ду деҳа
Ванҷ, 24.11.2014. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).- Дар рӯзи таҷлили ҷашни Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ба истифода додани пули нави мошингард робита байни сокинони деҳаҳои Ванҷ ва Мурқутгаи ҷамоати деҳоти Рованди ноҳияи Ванҷ бо маркази ҷамоати ин ноҳия барқарор шуд.
Ин пул 10 сол қабл бар асари обхезӣ комилан хароб гардида, дигар рафтуомад аз болои он номумкин гашт. Мардум маҷбур буданд, ки барои ҳалли мушкилоташон аз кӯпруки чӯбини пиёдагард истифода баранд.
Роҳи ягонаи мошингард низ, ки сокинони ин деҳотро бо маркази ҷамоат мепайвандад, тахриб гашта буд. Дар баробари бунёди пул роҳсозони Муассисаи давлатии идораи хоҷагии роҳҳои мошингарди ВМКБ ҳамчунин роҳи мошингардро, ки зиёда аз даҳ километр дарозӣ дорад, таъмир намуданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






