Рӯзҳои фарҳанги Санкт-Петербург дар Душанбе
Душанбе, 3.11.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Рӯзҳои 7-8-уми ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе Рӯзҳои фарҳанги шаҳри Санкт-Петербург баргузор мегардад.
Ба иттилои сомонаи расмии Вазорати фарҳанги кишвар дар ин чорабиниҳо раиси шаҳри Санкт-Петербург Григорий Полтавченко иштирок хоҳад кард.
Дар доираи чорабиниҳои Рӯзҳои фарҳанги Санкт-Петербург дар Душанбе консертҳои пуршукӯҳ, вохӯриву машваратҳои доираҳои кориву тиҷоратӣ доир мегарданд, ки дар онҳо масоили ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои муҳоҷирати корӣ, маориф, тандурустӣ, омӯзиши забони русӣ, рушди муносибатҳо дар соҳаҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, илму фарҳанг баррасӣ мешаванд», — иброз дошт ӯ.
Қобили зикр аст, ки Санкт-Петербург яке аз шаҳрҳои аввалинест, ки пас аз соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ 6-уми октябри соли 1991 дар бораи бародаршаҳр шудани шаҳрҳои Душанбеву Санкт-Петербург шартнома ба имзо расид.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






