Рӯзҳои охири моҳи ноябр сард мешаванд
Душанбе, 24.11.2014. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- Имрӯз, 24 ноябр, дар саросари минтақаҳои Тоҷикистон ҳаво абролдуд буда, дар доманаи кӯҳҳо ва минтақаҳои кӯҳсор сахт борон мешавад. Дар пойтахти Тоҷикистон каме борон борида, ҳарорати ҳаво рӯзона 8 — 10 дараҷа гарм мешавад.
Ба гуфтаи мутахассисони ҳавосанҷӣ, шабонарӯзи 25 ноябр ҳаво абролуд шуда, ҳарорати он шабона 3 — 5 дараҷа ва рӯзона 6 — 8 дараҷа гарм мешавад.
26 ноябр ҳавои соф дар назар аст. 27 ноябр ҳаво боз сард шуда, борон меборад. Пагоҳ, 25 ноябр, ҳарорати ҳаво дар вилояти Хатлон 9 — 11 дараҷа, вилояти Суғд 8 — 9 дараҷа, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 9 — 11 дараҷа, дар ғарби ВМКБ 8 — 9 дараҷа, дар шарқи он 2-3 дараҷа, дар шаҳри Душанбе 9 — 13 дараҷа гарм мешавад.
Дар ин бора аз Хадамоти ҳавосанҷии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






