Рӯзҳои Санкт — Петербург дар Душанбе
Душанбе, 7 ноябр. (АМИТ «Ховар», Екатерина Пасторова).- 7 ноябр дар Маҷмааи «Кохи Ваҳдат» маросими ботантанаи оғози Рӯзҳои шаҳри Санкт — Петербург дар Душанбе баргузор мегардад.
Тавре ки сафорати Русия дар Тоҷикистон хабар медиҳад, 8 ноябр дар Театри опера ва балети ба номи С.Айнӣ консерти оркестри камеравии «БИС — КВИТ» баргузор гардида, дар Театри ба номи В.Маяковский намоишномаи «Ҳаҷвиёт» аз рӯи асарҳои А.П.Чехов манзури тамошобинон мегардад.
7 ноябр дар «Душанбе Плаза» маросими намоиши офаридаҳои рассоми тоҷик Матлуба Яҳёева баргузор мешавад.
Дар ҳошияи Рӯзҳои Санкт — Петербург конфронс аз рӯи масоили ҳамкории дуҷониба, мизҳои мудаввар дар мавзӯи ҳамкорӣ дар бахши меҳнат ва шуғли аҳолӣ, маориф ва ғайра доир мегарданд.
Ғайр аз ин машваратҳои табибони Санкт — Петербург барои аҳолӣ дар муассисаҳои тиббии шаҳри Душанбе ва курсҳои такмили ихтисоси муаллимони забони русӣ тартиб меёбанд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






