Р. Раҳимзода: «Сарқонун дастгиру роҳнамои мардум гардид»

Ноябрь 4, 2014 11:07

Душанбе, 04.11.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- «Ҳадафи сиёсии мо барпо кардани давлати демократию ҳуқуқбунёд аст. Дар ин ҷода Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади воломақоми миллат ва шоҳсутуни устувори сулҳу ваҳдат раҳнамои ҳамешагии мо хоҳад буд». Эмомалӣ РаҳмонВоқеан Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади меъёрию ҳуқуқӣ эътибори баланди ҳуқуқӣ дошта, арзиши олии давлату миллат ҳисобида мешавад. Тибқи талаботи он ҳуқуқ, озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд. Ҳуқуқу вазифаҳои инсон аз ҷониби давлат эътироф ва кафолат дода мешаванд.Доир ба дастовардҳои Конститутсия (Сарқонун) -и Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири корҳои дохилии кишвар Раҳимзода Рамазон Ҳамро андешаҳояшро чунин баён менамояд:«Яке аз дастовардҳои бузурги даврони истиқлолият кабули Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки соли 1994 ба вуқӯъ пайваст. Аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 сол сипарӣ гардид. Дар ин муддат дар ҳаёти сиёсӣ-иҷтимоӣ, илмӣ-фарҳангӣ ва моддӣ-маишии сокинони кишвар дигаргунӣ ва пешрафтҳои зиёд ба вуҷуд омаданд, ки имрӯз онҳо боиси ифтихор ва сарафрозии сокинони кишвар гардидаанд.Маҳз дар натиҷаи сиёсати хирадмандона ва оқилонаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон ба натиҷаҳои баланди корҳои созандагиву бунёдкорӣ, рушду инкишофи соҳаи илму маориф, пешрафти саноату кишоварзӣ, бунёди биноҳои истиқоматию хизматрасонӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ ноил гардид.Бо шарофати қабули Конститутсия Тоҷикистон чун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ гардида, ҷаҳониён онро ҳамчун як кишвари бунёдкор, сулҳпарвар ва фарҳангдӯст шинохтанд. Ин санади муқаддас ва тақдирсоз чун чароғи фурӯзон роҳи рушди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва мардуми онро барои садсолаҳо мунаввар месозад.Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ифодагари азму ирода, равшангари роҳи ҳаёти мардум, воқеан санади тақдирсозест, ки низоми давлатдориро муайян намуда, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро таъмин менамояд.Конститутсия ҳамчун ифодакунанда ва равшангари роҳ ба сӯи ояндаи неку пурсаодат моро водор месозад, ки минбаъд низ бо риояи арзишҳои волои демократӣ ва ҳуқуқӣ ҷомеаи худро аз ҳама гуна хатарҳои дохиливу берунӣ ҳифз намуда, суботу оромӣ, ҳаёти осоишта ва кору фаъолияти бомароми мардуми кишаварамонро таъмин намоем.Бо назадошти ниёзмандиҳои сиёсии ҷомеаи Тоҷикистон ва мутобиқи талаботу пешрафти он дар солҳои 1999 ва 2003 тағйироту иловаҳо ба Конститутсия ворид шуданд, ки оғози раванди татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат, аз ҷумла таъмини истиқлолияти энергетикиву озуқаворӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани кишвар ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум шароити мусоид фароҳам оварданд.Конститутсия қонуни асосии ҳар як давлату миллат буда, дар асоси он хусусиятҳои сохти давлатдорӣ ва муносибатҳои тарафайну сохторҳои гуногуни давлатию ҷамъиятӣ муайян мешаванд.Имрӯз мову Шумо бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва эҳтиром гузоштан ба арзишҳои олии инсонӣ, ки дар Конститутсия сабт гардидаанд, бояд дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи тамаддуну осори таърихие, ки садсолаҳо эҷод гардиданд ва имрӯз маҳфуз ҳастанд, инчунин ҳимояи дастовардҳои Истиқлолият саҳми назаррас дошта бошем.Боиси ифтихор аст, ки Сарқонуни кишвар дастгиру роҳнамои мардуми тоҷик гардид. Вазифаи ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ аз он иборат аст, ки Сарқонунро эҳтиром ва ҳифз намояд.Маҳз бо шарофати Истиқлолият ва қабули Конститусия имрӯз дар тамоми соҳаҳои ҳаёт, бахусус дар самти фаъолияти кормандони мақомоти корҳои дохилӣ пешравиҳои зиёд ба назар мерасанд.Рӯ овардан ба таъриху тамаддун ва фарҳанги миллӣ як шохаи алоқамандии кормандони ин ниҳод бо мардум, аҳли фазлу адаб ва олимону донишмандон аст.Ҳамкориҳои судманди кормандони милитсия бо аҳолӣ ва табақаҳои гуногуни ҷомеа аз он шаҳодат медиҳад, ки эътимоду боварии халқ ба ҳомиёни ҳуқуқу тартибот ва посдорони сулҳу субот рӯз аз рӯз бештару беҳтар мегардад.Аз ҷониби кормандони милитсия танҳо дар соли равон бахшида ба ҷашнҳои Рӯзи Модар, Наврӯз, Ваҳдату Истиқлолият, Рӯзи забон ва дигар иду маъракаҳо бо иштироки шоирону нависандагон, олимон, донишмандон, ҳунарпешагони варзида, зиёиён ва аҳли дин, сиёсатмадорон ва дигар шахсиятҳои барҷастаи кишвар маҳфилу конфронс, мизи мудаввар ва чорабиниҳои илмию фарҳангӣ доир шуданд.Баргузории ду намоиши телевизионии «Сайди маънӣ», маҳфили шеъру суруд бо иштироки олимону адибон, ташкили чорабиниҳои гуногун дар Вазорати корҳои дохилӣ шаҳодати арҷгузорӣ ба осори шоир ва донишманди бузурги асри ХV Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ мебошад.Кормандони милитсия ҳамеша бо мардум буданд, ҳастанд ва мемонанд».

Ноябрь 4, 2014 11:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар пиряхҳои Помири Шарқӣ ва Марказӣ таҳқиқоти илмӣ-саҳроӣ гузаронида шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
«АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ доир ба корнамоиҳои беназири Президенти Тоҷикистон ба нашр расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Доир ба мактаби сиёсию давлатдории Пешвои миллат китоб ба нашр расид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Бо донишҷӯёни ғолиби Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» вохӯрӣ доир гардид
Сокинони ноҳияи Рашт туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и безаволро дастрас намуданд
Толорҳои алоқа дар Тоҷикистон бештар мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Панҷакент оид ба омодагии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ машварат баргузор шуд
ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ. Дар Истаравшан намоиш-фурӯши либосҳои мактабӣ ташкил гардид