Роҳпаймоии идона ба ифтихори Рӯзи Парчам
Душанбе, 22.11.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ, ки 24 ноябр таҷлил мегардад, шаҳрдории Душанбе маҷмӯи чорабиниҳои идонаро таҳррезӣ намудааст. Тибқи он чорабиниҳои идона ба ифтихори ин санаи таърихӣ рӯзи 24 ноябр дар Майдони Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.
Ҳамзамон, шаҳрдории пойтахт роҳпаймоии идонаи сокинони Душанберо бо ҳузури 8 ҳазору 500 нафар шаҳрвандон /аз ноҳияи Сино 2500 нафар, ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ ва Шоҳмансур-2000 нафарӣ/ ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ баргузор менамояд. Дар иртибот барои доир намудани роҳпаймоии идона интизор меравад, ки ҳаракати нақлиёт дар бархе аз ҷодаҳои пойтахт рӯзи 24 ноябр муваққатан қатъ карда шавад. Дар ин рӯз инчунин дар нақлиёти ҷамъиятии пойтахт Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон насб карда шуда, ба ронандагони онҳо нишони сарисинагӣ бо рамзи Парчами давлатии кишвар дастрас мегардад. Инчунин тавассути мониторҳо дар пойтахт видеороликҳои тарғибкунандаи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад.
Бояд тазаккур дод, ки сохторҳои марбутаи пойтахт ба ифтихори Рӯзи парчами давлатӣ конфронсу суҳбатҳо, аз ҷумла дар Китобхонаи шаҳрии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ва Китобхонаи муосири пойтахт намоишгоҳи китобҳоро созмон дода, чорабиниҳои гуногуни фарҳангию варзишӣ баргузор намудаанд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






