Роҳзанӣ дар нуқтаи мубодилаи асъор
Душанбе, 17.11.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- Дирӯз тахминан соати 21.10 дақиқа шахси номаълуми мусаллаҳ бо корд бо роҳи зӯроварӣ вориди нуқтаи мубодилаи асъор, воқеъ дар кӯчаи Синои шаҳри Душанбе шуда, 3 маротиба ба бадани корманди коргоҳи мазкур Саймуъмин Баллаев, соли таваллудаш 1981 ва 1 маротиба ба бадани шаҳрванд Алишер Ҳайитов, соли таваллудаш 1981, сокини ноҳияи Шаҳринав бо корд зада, аз он ҷо ҷамъ 7400 доллари ИМА маблағи пулиро тасурруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Дар натиҷа шаҳрванд С. Баллаев ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст. Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсияи шуъбаи ВКД-1 дар ноҳияи Сино бо гумони даст доштан дар содир намудани ҷинояти роҳзанӣ шаҳрванд Шуҳрат Игамбердиев, соли таваллудаш 1977, сокини ноҳияи Шуғнон дастгир гардид. Далелҳои шайъӣ гирифта шуда, нисбат ба далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.
Дар ин бора ВКД ҶТ иттилоъ медиҳад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






